Предыдущая публикация
Ҳар куҷо ҳасти нигаҳдорат Худо.
Нест касе аз ҳоли зорат бохабар,
Дӯсти аз ҳолат хабардорат Худо.
Гар нашуд осон корат ғам махур,
Мушкилосон кун ба ҳар корат Худо.
Дар сарат ояд балое хавф макун,
Аз балои бад панаҳ дорат Худо.
Ҳамчу Юсуф чоҳу зиндонат кунанд,
Аз чаҳу зиндон ба тахт орат Худо.
Чун шуди бемори дарди бедаво,
Маъюси бемор шифокорат Худо.
Эй Анис, домони худ покиза дор,
Рӯзи маҳшар ҳам харидорат Худо.
Аниси Ёқубиён.

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 63
Дар ғарибӣ навҷавонӣ рафту умрам пир шуд,
Зиндагиям бенишоту бо алам даргир шуд.
Бо хаёли дидани зебоиҳои шаҳри дур
Омадам, поям миёни ҷангале занҷир шуд
Гарчӣ қасру кох дар атрофи мо бисёр буд
Саҳми мо дар гӯшаи вайронаи дилгир шуд
Субҳ то шаб сахтиҳоро карда тоқат, эй дареғ
Ҳеҷ кас аз мо напурсид, к-ӯ чигуна сер шуд
Гӯиё дар лаззати дунё фурӯ рафтем мо
Занг омад пул наомад дар ҳисобам дер шуд
Ёдам омад пандҳои ҷонгудози модарам
Баҳри анҷомаш паридам, лек бетаъбир шуд
Рӯзи золим сахт бошад гуфтаи Парвардигор
Гарчӣ рӯзе чанд мегӯӣ чаро таъхир шуд
Зиндагӣ бебандагӣ шармандагӣ бошад бидон
Бе талошу бе таваккул кай тавон таъмир шуд
Сахтӣ гар сомон наёбад хусравӣ поён шавад
Гурбаи мискин ба сахтӣ ҳайбаташ чун шер шуд
Гуфтаанд дар ноумедӣ бас умед аст эй азиз
Бишнавам ин рӯзи сахтат оқибат тадбир шуд
Абдусалом
Барои покон хамсарони покон ва барои нопокон хамсарони нопок насиб мешавад, бешак Аллох ваьда хилоф нест
Агар имруз тани духтареро орён карди , фардо тани хохарат ё занат ё духтаратро орён мекунанд .
Агар имруз бо писаре якчо шуди ,
Бидон,ки дастхурдаи дигарон насибат хохад шуд .
Бидонки натичаи коратро хохи дид!!!
волидони шумо
арзони бод!