Туи Нозиру ҳам Сатору Қаҳҳор.
Азимиву Ҳакимиву Ҳамидӣ,
Вуҷудиву Қадимиву Ту Мухтор.
Раҳими Ту ва Раҳмонию Розиқ,
Ту Маъбудӣ, Ту Холиқӣ, Ту Ҷаббор.
Надорад ҳеҷ вазиру шоҳ мулке,
Ҳама мулки туанд,Эй Шоҳи пойдор.
Ҳама халқи ҷаҳонро то қиёмат,
Нигаҳдоранда ҳастӣ, худ нигаҳдор.
Ду даст сӯи Ту бардорем, Худоё,
Гуноҳое,ки кардем мо, панаҳдор.
Надорем ҷуз Ту ёри меҳрубоне,
Сипосу шукр бароят, Ёри ғамхор.
Намесозем туро аз ёд фаромӯш,
Ки бе ёдат шавем беёду бемор.
Абарқудрат Туӣ, қодири ҳар кор,
Бикун аз кори нек моро хабардор.
Агар хоҳӣ Ту дар як дам заминро,
Куни чун рӯи каф озоду ҳамвор.
Худовандо, умедворем,ки фардо,
Ту эмин сози моро аз дами нор.
Таъоллоллоҳ,тамоми Умматонро,
Насиб гардон биҳишту дидани Ёр.
Аниси Ёқубиён.

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 3