Предыдущая публикация
Чун,ки аз моли падар мероси давлат доштем.
Бас,ки пур буд кисамон аз тангаву тиллою зар,
Ҳар куҷо по мениҳодем қадру қимат доштем.
Дар ҳама тую тамошо,ҳо биёю ҳо даро,
Аз ҳама болои боло ҷойи иззат доштем.
Баҳри баъзе мо тағову баҳри баъзе мо амак,
Эй бародар,шукри неъмат дасти раҳмат доштем.
Дода буд бар мо Худо аз моли Қорун андаке,
Мисли Ҳотам бешу кам хайру саховат доштем.
Ин замон дар кунҷи фақру бекасиву бепулӣ,
Мондаем ҳайрону мегуем чи ҳиммат доштем?
Нест аз ёрон касе дар гирди мо то бишнавем,
Худ бигӯянд баҳри чӣ ингуна шавқат доштем.
Аниси Ёқубиён.

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 59
ОН КАДАР АЗ ЗОТАШОН РАНЧИДААМ.
ШАРМАШОН БОДО, КИ МАН ЧУН ЯК ФАКИР.
АЗ БУЗУРГИХОЯШОН ШАРМИДААМ.