Предыдущая публикация
На дидану на пурсидан гилагузори нест
Замона гуфта байнамон баҳона мекунем,
Чаро,ки байнамон дигар он дӯстдори нест.
Асли ҳақиқат он,ки мо дунёталаб шудем,
Ба ёди молу сарваташ моро қарори нест.
Бисёр зи худ рафтаем,ки хурдамон калон,
Одам куҷо шуморемаш,одамшумори нест.
Ба фикри кунди мо дигар безар на одам аст,
Бе симу зар барои мо инсони орӣ нест.
Намондааст миёни мо меҳри бародарӣ,
Аз он,ки оби раҳмате дар сина ҷори нест.
Ҳатто барои он Худо,ки ҷон биофарид,
Аз ҷониби ману шумо сипосгузори нест.
Аниси Ёқубиён.

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 29
Бегона чудо дуст чудо мешиканад.
Бегона агар мешиканад,боке нест,
Ман дар ачабам,дуст чаро мешиканад.
Валекин дўст аз душман ҷудо кун.
Ки бошад дўст он ёри худоӣ
Дилаш равшан ба нури ошноӣ.
Ба нохуш корҳо гирад туро даст,
Кунад з-оби насиҳат оташат паст.
Ба кори нек гардад ёвари ту
Ба кўи некномӣ роҳбари ту.