Предыдущая публикация
В-аз теғи тези қотилон дил мондааст мапурс.
Ман мурдаам баробари он мурдагони Ҳақ,
Аз зиндаҳои ин ҷаҳон дил мондааст мапурс.
Онҳо,ки дар баландианд поён намебинанд,
Аз чашми танги кӯрашон дил мондааст мапурс.
Баъзе касон,ки мебинанд гӯянд намебинем,
Аз ин дурӯғи нокасон дил мондааст мапурс.
Фарзанд даруни хонаву падар беруни дар,
Аз ину он бародарон дил мондааст мапурс.
Нодон болои курсиву доно ба пушти дар,
Аз бозиҳои ин замон дил мондааст мапурс.
Ошиқ ба ваъдаи худу ишқаш вафо накард,
Аз ин хатои ошиқон дил мондааст мапурс.
Аниси Ёқубиён.

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 49
Хар як мисраи шеърат дунёи маъни аст!
Шеърро хонда истода, дил мехохад ки чунин мисрахои пурмазмун зиёдтару бе анчом бошанд. Бехтарин!
Ба ту накуноми хохонам!
< ХОХАМ УМЕД БА ЗИСТАНИ ФАРДОИ ХУШ КУНАМ,
АЗ ИНТИЗОРИ БАРДАВОМ ДИЛ МОНДААСТ МАПУРС>
Дил додову дил бурдаву дилгир шуданҳо.
Ҷон додаву ҷон канда ба ҷонон нарасидан,
Аз ҷони худу ҷони ҷаҳон сер шуданҳо.
То қуллаи мақсуд тапишҳои тавонкоҳ,
Охир ба сад афсӯс сарозер шуданҳо.
Худ тири заминем вале ҳеҷ надонем,
Бо қадди камон худ чӣ бувад тир шуданҳо.
Масруфи хазон аст гулафшони баҳорон
Бидрӯди ҷаҳон аст ҷаҳонгир шуданҳо...
Устод Лоиқ.