Предыдущая публикация
Роҳи худ аз ман ҷудо ҳар лаҳза дигар мекуни.
Косаи қалби маро пур карда аз хуни ҷигар,
Ҷоми заррин пеши худ лабрези соғар мекуни.
Дода дар пушти мани бечора сад бори гарон,
Қомати худ чун алиф монанди ар-ар мекуни.
Бар сари ман сад бало оварда аз ин он тараф,
Лек сари поёни худ болои минбар мекуни.
Талх месозӣ забону коми ман чун мӯмиё,
Ду лаби шӯри худат пур қанду шаккар мекуни
Ҷомаи дарвеширо бар ман тамасхур мекуни,
Ҷомаи зардӯзиро хандида аз бар мекуни.
Ман зи ту қасти ҳама номардиҳоят мегирам,
Мерасад рузе, ки бар ман қасти бовар мекуни. Аниси Ёқубиён.

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 21
Руи рохам баста буд деввори санги зиндаги
Солхо кардам талош пайрохае боз кунам.
Бигзарам бар одами аз рохи танги зиндаги. Х.Мирзо.
зиндаги бе бандаги шармандаги.
Роҳи худ аз ман ҷудо ҳар лаҳза дигар
мекуни...
Бехтарин!
Дар дасти туст санъати такдири зиндаги,
Дар байни ин талотуму тасхири зиндаги,
Ёдат ба хайр, гар маро ҳам ёд мекуни!
Гох бар кахраш дарорад гох бар сохил барорад.
Гох чарх аст руи мавчаш бози дорад.
Зиндаги монанди дарё авч дорад мавч дорад...
Ман туро чун сарнавишти хеш , дигар мекунам .....!..
Гаштааст аз ту дилам сард.
Қасдат ин бошад ки барвақт,
Навбаҳорамро кунӣ зард.
Мегирад доим гиребон,
Ғуссат дар гармиву бард.
Мебарӣ аз ман қарорам,
Ҳастӣ чун дуздони шабгард.
Дар биёбони балоят,
Кас набошад мисли ман фард.
Ҳар чӣ хоҳӣ кардаам ман,
То напиндорӣ, ки кам кард.
Ман вафодорам ту аммо,
Бевафо ҳастиву номард.
Чаҳ канӣ дар роҳи ман то
Аз ҷаҳон созӣ маро тард.
Тахтаи шаҳмоту нардӣ,
Донаи шаҳмотаму нард.
Зиндагӣ, дар домани ту,
Қисматам шодӣ наовард.
Мекунам бо ту муросо,
Зиндагӣ аз азми худ гард!
Суди ин ҷабру ҷафо чист?
Зиндагӣ, шав соате мард!
Хар шабе дар осмон стора нест.