Предыдущая публикация
Кудратилло Ёкубов (Аниси Ёқубиён)

Кудратилло Ёкубов (Аниси Ёқубиён)

29 мая 2015

Ҳайфо,ки ин ҷони танам як рӯз аз тан меравад,

Аз ин тани озурдаву бечораи ман меравад.
Охир чӣ дидам дар чаҳон, ман ҷуз ғаму андӯҳи дил,
Вой, ин дили садпораам бо сад тапидан меравад.
Бин ин сари пуршӯру ғавғое,ки доштам дар ҷаҳон,
Бо ин ҳама шӯру мағал дар пушти гардан меравад.
Вой чашми бинои дилам аз дасти дунë кӯр шуд,
Ин чашми нобинои ман умеди дидан меравад.
Аз баъди марги ман чӣ суд сад нолаву доду фиғон,
Мурғе, ки буд умре қафас рӯзе паридан меравад.
Ин ҳосили дунё, ки худ амсоли барфи қулла аст,
Чун мерасад офтоби марг аз қулла ҳатман меравад.
Эй Анис, фурсат ғанимат асту ту ҳам бандаӣ,
Рози дил пеши Худо ҳар банда гуфтан меравад.
Аниси Ёқубиён.

Комментарии 24

Зебинисо Завкиева
🌺 🌺 🍃 💐 💐 🍃 🌺 🌺 🍃 🍃 💐 💐 🍃 🍃 🌺 🌺 🍃 💐 💐 🍃 🌺 🌺Ошу нонат чун адо шуд, ошноят меравад,
Аз наво чун бозмонди хамнавоят меравад.
Мерави аз даст, чун дастат бимонад беамал,  
Поят аз рох боз монад, ради поят меравад.
Доварии халкмизоне, надорад як мизоч,
Як бади карди, тамоми некихоят меравад.
Дори дуне мехурад, дору надоратро хама,
Оху афсусу надомад. аз кафоят меравад.
Пешсаф боши, хазорон сафандар бози туянд,
Чун зи саф берун биафтоди,сафоят меравад.
Гар худои хеш боши, пуштбони ту Худост,
Чун зи худ рафти, зи сар, лутфи Худоят меравад.
(Мавлави Чунуни)🌺 🌺 🍃 💐 💐 🍃 🌺 🌺 🍃 💐 💐 🍃 🌺 🌺 🍃 💐 💐 🍃 🌺 🌺 🍃 💐 💐 🍃 🌺 🌺                          
29 мая 2015
, отредактировано
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Зебинисо Завкиева
    🌷 🌷 🍀 🌷 🌷 🌷 🍀 🌷 🌷 🍀          Эй сорбон, охиста рон, к- ороми чонам меравад!
    Он дил, ки бо худ доштам бо дилситонам меравад!
    Ман мондаам махчур аз у, бечораву ранчур аз у,
    Гуи, ки неше дур аз у бар устугонам меравад.
    Гуфтам ба найрангу фусун пинхон кунам рози дарун, Пинхон намемонад, ки хун бар остонам меравад!
    Бигзашт ёри саркашам, бигзошт айши нохушам,
    Чун мичмаре пуроташам, к-аз сар духонам меравад. Бо ин хама бедоди у в-ин ахди бебунёди у,
    Дар сина дорам ёди у, то бар забонам меравад!
    Гуфтам: бигирям, то ибилчун хар фуру монад ба гил, В-ин низ натвонам, ки дил бо корвонам меравад. Махмил бидор, эй сорбон,...Ещё
    🌷 🌷 🍀 🌷 🌷 🌷 🍀 🌷 🌷 🍀          Эй сорбон, охиста рон, к- ороми чонам меравад!
    Он дил, ки бо худ доштам бо дилситонам меравад!
    Ман мондаам махчур аз у, бечораву ранчур аз у,
    Гуи, ки неше дур аз у бар устугонам меравад.
    Гуфтам ба найрангу фусун пинхон кунам рози дарун, Пинхон намемонад, ки хун бар остонам меравад!
    Бигзашт ёри саркашам, бигзошт айши нохушам,
    Чун мичмаре пуроташам, к-аз сар духонам меравад. Бо ин хама бедоди у в-ин ахди бебунёди у,
    Дар сина дорам ёди у, то бар забонам меравад!
    Гуфтам: бигирям, то ибилчун хар фуру монад ба гил, В-ин низ натвонам, ки дил бо корвонам меравад. Махмил бидор, эй сорбон, тунди макун бо корвон,
    К-аз ишки он сарви равон, гуи равонам меравад!
    Бозою бар чашмам нишин, эй дилфиреби нозанин,
    К-ошубу гавго аз замин бар осмонам меравад!
    Шаб то сахар менагнавам в-андарзи кас менашнавам , Ин рах, на косид меравам, к-аз каф инонам меравад. Сабр аз висоли ёри ман, баргаштан аз дилдори ман, Гарчи набошад кори ман, хам кор аз онам меравад.
    Дар рафтани чон аз бадан гуянд хар навъе сухан,
    Ман худ ба чашми хештан дидам, ки чонам меравад. Саъди, фигон аз дасти мо, лоик, набуд, эй бевафо! Токат намеорам чафо, кор аз фигонам меравад.
    (Саъдии Шерози)🌷 🌷 🍀 🌷 🌷 🌷 🍀 🌷 🌷 🍀 🌷 🌷 🌷 🍀 🌷 🌷 🍀 🌷 🌷 🌷 🍀 🌷 🌷 🍀                        
    29 мая 2015
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Зебинисо Завкиева
    💐 💐 💐   Во дарег аз ин чахон бе туша мехмон меравем,
    Шабу руз бо паймонаву аз паи чонон меравем.
    Тушаи мо буд намозу рузае хосил нашуд,
    Бе намозу рузар охир мо пушаймон меравем.💐 💐 💐
    29 мая 2015
    , отредактировано
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Зебинисо Завкиева
    Омин, омин хохари чунам. )))))
    29 мая 2015
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    ҒУРУБИ ОФТОБ-1
    Ту шодӣ ва ё ғамнок, покастӣ ва ё нопок,
    Бо сад ҳунару идрок, охир шавӣ муште хок.
    Ҳарчанд ки шоҳӣ ту, соҳиби силоҳӣ ту,
    Сардори сипоҳӣ ту, охир шавӣ муште хок.
    Гар Рустами дастонӣ ё шоҳи Хуросонӣ,
    Бо ҷаъму парешонӣ, охир шавӣ муште хок.
    Гар Қорунӣ ё Ҳотам, бошад ба кафат олам,
    Ғам дорӣ ва ё беғам, охир шавӣ муште хок.
    Ту шоирӣ ё олим, некофарӣ ё золим,
    Вайронгарӣ ё нозим, охир шавӣ муште хок.
    Гар пиру ҷавонӣ ту, маҳбуби ҷаҳонӣ ту,
    Шахси ҳамадонӣ ту, охир шавӣ муште хок.
    Гар душмани ғаддорӣ, инсони дилозорӣ,
    Ё олитарин ёрӣ ,охир шавӣ муште хок.
    Гар ошиқи зор астӣ ё лоиқи дор астӣ,
    Ё шоҳсавор астӣ, охир шавӣ муште хок.
    Заррин ҳама дунёят, симин ҳама маъвоят,
    Тиллост сарпоят, охир шавӣ муште хок.
    Гар зӯру далерастӣ, ғурранда чу шерастӣ,
    Ё фарди фақирастӣ, охир шавӣ муште хок.
    Гар духтари зебоӣ ё марди тавоноӣ,
    Ё машҳури дунёӣ, охир шавӣ муште хок.
    29 мая 2015
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    ҒУРУБИ ОФТОБ-1
    Мабар аз лаззати дунё ҳаловат
    Ки рузе мешавад охир Қиёмат
    Бихон панҷ вақт Намоз зикри Худо кун
    Ки Паёмбар туро созад шафоъат
    29 мая 2015
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Фузайл Хотамов
    Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем,
    Фалакро сақф бишкофему тарҳе нав дарандозем.

    Агар ғам лашкар ангезад, ки хуни ошиқон резад,
    Ману соқӣ ба ҳам созему бунёдаш барандозем.

    Шароби арғавониро гулоб андар қадаҳ резем,
    Насими атргардонро шакар дар миҷмар
    андозем.

    Чу дар даст аст руде хуш, бизан, мутриб, суруде хуш,
    Ки дастафшон ғазал хонему покӯбон сар
    андозем.

    Сабо, хоки вуҷуди мо бад-он олиҷаноб андоз,
    Бувад, к-он шоҳи хубонро назар бар манзар
    андозем.

    Яке аз ақл мелофад, дигар томот мебофад,
    Биё, к-ин довариҳоро ба пеши довар андозем.

    Биҳишти адн агар хоҳӣ, биё бо мо ба майхона,
    Ки аз пои хумат рӯзе ба ҳавзи Кавсар андозем.

    Сухандониву хушхонӣ намеварзанд дар Шероз,
    Биё, Ҳофиз, ки то худро ба мулке дигар
    андозем.
    29 мая 2015
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Истам Усмонов
    Олист Аниси Ёкубиён ,аз некон бог мемонад, гуфтанд, боги шумо ангубин аст,мевааш инсонро ба камол мерасонад.
    29 мая 2015
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Мавлуда Б
    Гуфтам ба афсуне дигар пинхон кунам сузи дарун,
    Бо ашк ин сузи нихон аз дидагонам меравад.
    29 мая 2015
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Мавлуда Б
    Вомонда дар шахре гариб, бе ёр, бе хешу кариб,
    Меноламу дуди чигар то осмонам меравад.
    29 мая 2015
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Кудратилло Ёкубов (Аниси Ёқубиён)
    Автор
    ​Худо аз шумо хушнуд бошад  азизонам!
    29 мая 2015
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Истам Усмонов
    Умри инсон аст чун оби равон
    Меваи богаш нахурда марди майдон меравад.
    30 июл 2015
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Истам Усмонов
    Парвозхои баланди эчоди ёратон бод! Шоири тозаэчод Аниси Ёкубиён!
    30 июл 2015
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Мансуров Jovid
    Хостам бубинам чехрааш,
    Аммо сад афсус дер шуд!
    Имруз вакти видоъ шуд,
    Ду чашми ман барохи У,
    Гуе,ки чонам меравад!
    30 июл 2015
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Олимчон Эрбоев
    ОФАРИН.
    17 дек 2015
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Чамшед Зариков
    Офарин бар шерхои пурмазмун бародари гиромикадр
    17 дек 2015
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    С У Л Т А Н С У Л Е Й М А Н
    Офарин Анисчон сарбаланду хонаобод боши
    17 дек 2015
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Фаршед Негматов
    Ахсан.Дар амони оллох бошед...
    17 дек 2015
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Кудратилло Ёкубов (Аниси Ёқубиён)
    Автор
    ​Ҷаҳони сипос азизони дилам ҳамеша ёратон Худованди Мутаъол бошад;
         Зиндагӣ кардани ман мурдани тадриҷи буд,
         Ҳар чӣ ҷон канд танам умр ҳисобаш кардам.
                      (Абдулмаъони Ҳазрати Бедил)
    19 дек 2015
  • Нет комментариев
    Новые комментарии
    Новые комментарии
    Для того чтобы оставить комментарий, войдите или зарегистрируйтесь
    Следующая публикация
    С наступающим Днём Победы!
    Почтите память героев Великой Отечественной войны
    Возложить цветы
    русский
    Помощь
    Сервисы VK
    MailПочтаОблакоКалендарьЗаметкиVK ЗвонкиVK ПочтаТВ программаПогодаГороскопыСпортОтветыVK РекламаЛедиВКонтакте Ещё
    Войти
    Кудратилло Ёкубов (Аниси Ёқубиён)

    Кудратилло Ёкубов (Аниси Ёқубиён)

    ЛентаДрузья 2 283Фото 467Заметки 1 135Группы Игры Видео
    • Музыка
    • Подарки
    • О себе
    Левая колонка
    Все
    С друзьями
    Игры и приложения

    Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного

    Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.

    Зарегистрироваться