директори мактаби рақами №56. Рӯзи вафоташон
23.04.2015 бегоҳии саиди рӯзи Ҷумъа.
Пайғоми муҳоҷир!
Ало устод зи байни мо чаро ту зуд сафар кардӣ,
Чаро аз рафтанат моро на ёду на хабар кардӣ.
Зи баъди ту намедонем куҷо роҳу раҳе ҷӯем,
Ту моро раҳбаре буди чаро роҳат дигар кардӣ.
Ба хотир мерасад ҳар дам ҳама панду насиҳатҳот,
Ту бо панду насиҳатҳо шаби моро саҳар кардӣ.
Чӣ як хоксору хушгуфтору хушрафтор буди аммо,
Лабони ширину шаҳдат чаро дар хоки тар кардӣ.
Ба боғи мактабат бингар,ки гулҳо сархаму бе ранг,
Ту онҳоро ба ки бигзоштиву аз мо гузар кардӣ.
Ба илму донишат чун шамъ бисӯхти то куни равшан,
Хирадро рӯшани додиву ақлро ҷо ба сар кардӣ.
Ниҳоли дониши садҳо ба боғи мактабат сабзид,
Ту бо сад парваришу меҳр дарахти пурсамар кардӣ.
Ман он шогирди некномат ба даст имрӯз қалам дорам
Нахустин шеъри хомамро ту бар ман пухтатар кардӣ.
Зи марги нобаҳангомат басо устод мегирям,
Ту бо ин рафтанат моро ба дунё хунҷигар кардӣ.
Аниси Ёқубиён

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 47
Устоди азизро