Аз ӯ доим хабар гир бохабар бош.
Чу шуд пиру бигашт қоматхамида,
Асои дасти пирияш ба бар бош.
Писар дар зиндагӣ ёди падар кун,
Кулоҳи иззату тоҷаш ба сар кун.
Пас аз мурдан чӣ бошад оҳу афсӯс,
Шаби фурсат ғаниматдон саҳар кун.
Писар ҳар лаҳза дар ёди падар шав,
Чу офтоб аз паси шамсу қамар шав.
Барои ҷустани доруи дардаш,
Табиби ҳозиқи рӯи башар шав.
Писар пеши падар ҳар лаҳза ҳушёр,
Нишин орому ҳарфҳояш ба гӯш дор.
Агар чӣ олими давру замонӣ,
Накун баҳсу талошу гапи бисёр.
Писар оҳиста гӯяш эй падарҷон,
Нигаҳ сӯяш бикун бо чашми хандон.
Ба пири ӯ шавад монанди кӯдак,
Навозишаш намо монанди тифлон.
Аниси Ёқубиён.

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 37
Ки мондам бе падар дар ин дунё
Худовандо кушти як парамро
Нигаҳдор дар паноҳат модарамро
Дусе мохе ба чонаш кард баробар.
Бифахмидам кунун кадрат Падарчон.
Намегаштаст падар харгиз бародар.
Зи хар дарде даме созам рахояат.
Ман ин чонро фидои ту бисозам.
Агар медоштам рохи шифояат.