Предыдущая публикация
Зи фарзандони раҳдурат салому ҳам паём модар.
Дуо кун баҳри фарзандон дуоят мустаҷоб гардад,
Ки беҳтар аз дуои ту набошад ҳеҷ калом модар.
Набуди ту агар модар набудем мо дар ин дунё,
Надорад кас дар ин дунё мисоли ту мақом модар.
Ту ҳам офтобу ҳам маҳтоб,ки бе ту торикаст дунё,
Нагардад чашми рӯзи мо кушода субҳу шом модар.
Тамоми олимону шоирону ҳам адибонро,
Шири ту пухта месозад агар чанде,ки хом модар.
Агар фарзанд май аст модар ту ҷомӣ заррини холи,
Намерезад соқи май набошад холи ҷом модар.
Набини ҳеҷ дарду ғам дар ин дунёву он дунё,
Ки то бошад ҷаҳон бошӣ ҳамеша шодком модар.
Аниси Ёқубиён.

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 14
Садкаи он руйи гирди Модарам.
Дар чахон будан нури зиндаги,
Садкаи он ашки поки Модарам.
Як суоле бахри ешон дорам.
Дар чодаи шоири бештар ки сабабгор аст,яъне ин аз касе ба шумо мерос ё падаратон шоир?ё аз тарафи модариатон?
Ё пур кунам қаламро аз обхези даврон.
Тассавур мекунам,ки малака ва маҳорати сухадониву шеъргӯии ҳар шоир ин неъматест аз ҷониби Офаридгор аст.Насли буданаш низ шояд аз ҳақиқат дур набошад зеро аз ҳарду тараф низ пайвастагиро мебинам шояд тарафи модариам афзалтар бошад зеро ман дар батни модар аз ҳавои тозаву пурфайзи кӯҳсоронаш нафас кашидаам.Чун медонам кӯҳсори модарам аксаран мардуми шоиртаъбу шоирхез аст.
Банда хам интизори чунин суханхо буд.Он модари олихаатон дар диёре ба олами хасти чашм кушоданд ки ин диёри кухсори сарбаланд ки мардумаш саропо табъи шоири доранд.
Шумо низ шаммае аз онхоед.
Ин диёри шоирхез бо вучуди кухсори баландаш ва мардуми шоирхезаш боз гушае аз бихишт аст ,ки хама зебои табиати нотакрор дорад.Банда низ аз хоку оби ин диёри родмардон каме бошад хам обу тоб ёфтааст.Зихи ПАFНА ки чунин родмардони зиндагиро дар бараш парвариш карду обу тоб дод.
Ей Анис шеърат давои дарди чонон буду хаст,
ёдгоре аз деху ёри кухистон буду хаст.
Гарчи илхомад хиромад мисли мавчи Рузруд,
байтхои нозукат кабки хиромон буду хаст.
Байтхои ширинат хонам дилам гум мезанад,
ёдгоре човидон бар хар дилу чон буду хаст.
Зинда боши то абад ай ту Аниси дилфигор,
бахри ту доим дуогу ин Зафарчон буду хаст.
То абад обод боши Паfнаи умеди ман,
мардумонат чун Анис умеду армон буду хаст.
Кухсори ту баланду мардумонаш сарбаланд,
сарбаланди пешаат аз ...ЕщёБале ,асоси сухани гуфтаниро гуфтед.

сарбаланди пешаат аз чамъи ёрон буду хаст.
Зи дасти пурсахоят лаззати хасти чашидам ман.
Хама буду набуди зиндаги аз ту бидидам ман,
Намедонам, ки кай бори нахуст модар бигуфтам ман
Пағна ном дорад диёру куҳсорӣ модарам,
Кас намебинад дигар онҷо дидорӣ модарам.
Ман зиёрат мекунам то зиндаам хоки варо,
Мушку анбар мекунад бӯи баҳорӣ модарам...
Аниси Ёқубиён. Душанбе 1992.
Уро ки назодааст Модар шоир...
Не зур кунад шоиру не зар шоир.....
Дуогуи шумо Аниси Ёқубиён.