Ҷашни мавлудат муборак, эй Анисҷони падар,
Солҳо боши саломат, нури чашмони падар!
Нахли умрат сабз бошад сад баҳори зиндагӣ,
Ҳамчу гул боши шукуфон, дар гулистони падар!
Духтари табъи дилат, Аллоҳ намояд издивоҷ,
Тифли нозбӯят бихандат рӯи дастони падар!
З - ин, ки ҳасти дар ҳама сабқат ба майдон мисли шер,
Доимо чун шер боши, шери майдони падар!
Бо тафохур мекуни ту парчами моро баланд,
Ифтихори тоҷикону Тоҷикистони падар!
Аниси Ёқубиён.

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 3