Аз китоби "Тоҷикнома" Номи тоҷик Чаро номи "тоҷик" набуд дар забон, Магар турку тоҷик набуд он замон? Магар Тохару Суғду Бохтар набуд, Бухоро ба Ирон бародар набуд? Самарқанду Хоразм чу хоҳар набуд, Магар номи "тоҷик" саросар набуд? Чу Сомон ба тоҷик надодаст ном, Сари худ фикандаст ба чоҳу ба дом. Бухоро - чу сарҳад дар Ислом буд, Ба тоҷик мусалмон будан ном буд. Чу оят зи Куръон ба мардум расид, Худованду имон ба мардум расид. Зи Куръони Яздон забон сохтанд, Каломи арабро ба он сохтанд. Мусалмони тоҷик на аъроб буд, Ва Сомони тоҷик на аъроб буд. Дарӣ чун забон гар ба Куръон шуд, Ба фарҳанги Сомон чу имон шуд. Дариро, ки салҷуқ ба Ирон бурд, Чу фарҳанги исломи Сомон бурд. Ба Ирони Сосон рас