Инбор наврӯзи имсол бо буи дигар меояд,
Оби умедаш ингор аз ҷуи дигар меояд!
Офтобу гулу булбулонаш чу маъмул нест,
Бахораш низ имрӯз аз куи дигар меояд!
Наврӯз, ки худ таровату нишот оварад моро,
Инбор на фақат он, ки бо хуи дигар меояд!
Шароб, ки чунон бодаи мастиву сармастист,
Шароби наврузӣ бо сабуи дигар меояд!
Наврузи гузашта гарчи моро шодиҳо андак,
Имсол дигар асту бо руфуи дигар меояд!
Наврӯз, ки худ нек асту накӯ дорад ҷаҳонро,
Аммо, баҳри мо бо саодату руи дигар меояд!
Наврузи имруз пур зи утуфату меҳру маваддат,
Орй зи ҳар ҳасаду кину аду меояд!
Гуи истичобати дуост Баҳори хуҷастаро,
Меояд, дасти пуру бо атуи дигар меояд!
Наврӯз, ки расонад ошиқро ба маъшуқи хеш,
Он ним