Оё Ҳазрати Хизр (а) зинда аст? Суоле ба мо омада, ки дар бораи ҳазрати Хизр (а) маълумот диҳед? Ҳазрати Хизр ё ҳазрати хоҷаи Хизр ҳамон касе аст, ки асрҳост ҳамешазинда ва ё зинда набуданаш сари забонҳост. Донишмандони зиёде дар бораи ӯ андешаҳои худро иброз доштанд, ки бо ҳам мухталифанд. Дар Қуръони карим достони Хизр (а) бо Мусо (а) зикр гардидааст, аммо ин ҳеҷ иртиботе ба ин мавзуъ надорад, зеро дар Қуръон зикр нагардидааст, ки ӯ пас аз ин достон вафот ёфтааст ё ҳанӯз зинда аст? Пас аз он ки қисаи ӯ бо Мусо (а) дар Қуръон, дар сураи Каҳф зикр гардид, муфассирони зиёде бо андешаҳои мухталиф орои худро иброз доштаанд. Ибни Қутайба дар бораи ном ва насаби ӯ дар «Ал- маориф» чунин мегӯяд: но