Замони мо замони бехатар нест,
Ки ҳар субҳона бо ширу шакар нест,
Равем ғалтону хезон мо ғариби,
Қадамҳои ману ту беназар нест.
Чу тақдиру насиби мо чунин аст,
Ки пеши роҳи тақдирро сипар нест,
Умеди мо ту ҳасти эй Худованд,
Ба монанди ту дастгири дигар нест.
Гузашт умрам дар ин шаҳри ғариби,
Касеро бар ғарибиям зарар нест,
Намедонем чи бошад умру тақдир,
Ки имрӯз то пагоҳ моро хабар нест.
Ҳама рӯза хабар аз ҷангу ҷанҷол,
Ба марги модару кӯдак назар нест,
Куҷо рафтанд гурезон модару тифл,
Ба мулки кас ба онҳо бому дар нест.
Агар ояд аҷал бар қасди ҷоне,
Аҷалро тоқати шом то саҳар нест,
Ки хурди ё калон фарқе надорад,
Хариди ҷони инсон симу зар нест.