Эй мардум, Парвардигори хешро бипарастед, то парҳезгор бошед - Он ки шумо ва касони пеш аз шуморо офарид. Он ки заминро барои шумо фарше сохт; ва аз осмон об фуруд овард, пас, ба сабаби вай меваҳои гуногунро берун овард-рўзӣ барои шумо. Пас дидаву дониста барои Худо ҳамтоёне (шариконе) нагиред!«Эй Парвардигори ман, ба ман илхом кун (ва тавфик бидех), то шукри неъматеро ки бар ман ва бар падару модарам инъом кардаи бачой орам ва то коре шоиста бикунам, ки ту аз он хушнуд шави ва фарзандони маро солех гардон! . Хароина, ман ба суи ту тавба кардам ва хароина, ман аз мусулмононам »Ахкоф; 15