Хезед зи чой тустон,мохи Рамазон омад,
Бар халк дихед пайгом, мохи Рамазон омад.
Аз мохи пур аз рахмат,аз мохи пур аз неьмат
Пур файз шавад хар хон, мохи Рамазон омад
Кошонаи дилхоро равшан бикунед аз мехр,
Аз кахр шавед поён, мохи Рамазон омад.
Хар гиз накунед гайбат,нохак ба кас тухмат,
Инсон бишавед инсон,мохи Рамазон омад.
Назре бидихед аз мол,дилхо бикунед хушхол
Бо домани пур эхсон,мохи Рамазон омад.
Аз атри хуши тоат хушбуи бикунед чонро,
Амсоли гули бустон,мохи Рамазон омад.
Чун бул-були шурида аз чону дилу дида,
Хушхони кунед Курьон,мохи Рамазон омад.
Бо савти хуши азкор хушхол кунед хакро,
Чун рахмати он рахмон,мохи Рамазон омад.
Аз азми мусалмонон,аз гайрати хар инсон,
Бишкаст