Ошу нонат чун адо шуд ошноят меравад,
Аз наво чун боз монди хам навоят меравад.
Шохиди ранги мухаббат хар нафас аз боги дил,
Гул наёри, дилбари гулгункабоят меравад.
Мерави аз даст, чун дастат бимонад аз амал,
Поят аз рах боз монад, радди поят меравад.
Доварии халк мизоне надорад як мизоч,
Як бади карди тамоми некихоят меравад.
Гар гадои шохтабъи, шох ояд назди ту,
Шохи мумсиктинати, аз дар гадоят меравад.
То худои хеш боши, пуштбони ту Худост,
Чун зи худ рафти, зи сар лутфи Худоят меравад.