Аё модар туи бахти ҷавонам, Аё модар туи тахти равонам. Туи дард ошнову меҳрубонам, Ҳамеша бо ту бошам бо ту монам. Муборак модари ҷон рузи идат, Муборак бод ҳар субҳи саидат. Туи модар нигини зархали ман, Ту ҳам болини ҳам бистари ман. Надорам аз ту модар рози пинҳон, Ҳамеша ғамгусори дар бари ман. Муборак модари ҷон рузи идат, Муборак бод ҳар субҳи саидат. Аё модар нидои туст бар хақ , Аё модар ризои туст бар хақ , Бароят туҳфа аст ин шеъри садбарг. Ки ҷаннат зери пои туст бар хақ. Идатон муборак!