Нӯш кардам қатраҳо то аз шароби зиндагӣ, Хаставу афсурда гаштам аз азоби зинадагӣ. Гарчи то ин дам китобе ҳам надорам бок нест, ҚиссаҲо бисёр хондам аз китоби зинадагӣ. Гар набошад офтоби рӯи он кокулдароз, Гармие бар дил набахшад офтоби зинадагӣ. Меравам рӯзе ба зери хоки сарду тирае, Бо ғаму андӯҳу дарди беҳисоби зинадагӣ. Зиндагӣ бунёд созӣ бе дуои модарон, Мехӯри фанду фиребе дар сароби зинадагӣ. Баъди хаждаҳсолагиаш одамӣ, эй дӯстон, Метапад монанди моҳӣ дар қулоби зиндагӣ. Аз ҳама ранҷу азобу кулфату дарду алам, Мон, даме осуда бошам, эй ҷаноби зиндагӣ.