Ба бачаи 25 солаам, куввати дил, давлати сарам, бачаи раисам.
Достончонам аз очааш Дилором.
Достонам, достони умри ман,
Достонам бустони умри ман.
Рафти, чонам бустонам шуд хароб,
Рафти чонам дустонам шуд пуроб.
Достонам нур андар хонаам,
Достони ахтари кошонаам.
Рафти чонам нур андар хона рафт,
Рафти чонам гарми аз кошона рафт.
Рафти чонам хонаи ман сард шуд,
Манзилу чонам макони дард шуд.
Достонам шахд дар комам буди,
Достонам канд дар чонам буди.
Рафти чонам, чони ман садпора шуд
Пора-пора руи санги хора шуд.
Шахд дар коми Дилором талх шуд,
Оху вохам то фазои Балх шуд.
Достон афсонаи рангобаранг,
Достон сарчашмаи номусу нанг.
Ёди ту а