———Ба ҷоҳилони олимтарош— ——
Мисоли тарбузи хом калла дорӣ,
Ба рафтор одати гӯсола дорӣ.
Аз ин сӯ медавӣ он сӯи дигар,
Хумори коҳ ё кунҷола дорӣ.
Намедонӣ дуто ҳарф аз китобе,
Ба фикрат дониши садсола дорӣ.
Надорӣ илм Олим хонӣ худро,
Ба роҳи ҷоҳилон думбола дорӣ.
Зи як мӯре бисозӣ сурати фил,
Зи як қатра давои жола дорӣ.
Намедонӣ суроғи кӯчаи илм,
Чӣ бе пул хоҳиши Бангола дорӣ.
Наёбӣ илм бо ин феълу рафтор,
Ки мисли таккаву бузғола дорӣ.
Чарогоҳ ҷои ту мебуд шояд,
Ки боби пуштаҳову ёла дорӣ.
Мазан аз илму аз олим даҳоне,
Ки бӯи ширу қанди ҷола дорӣ.
Муродӣ,дур бош аз сахт гуфтан,
Ба пуштат не Тағо не Хола дорӣ.
(Муродии Хатлонӣ) .20.08.2016. с.