КАЙ ГУФТА БУДАМ......
Кай гуфта будам зани ҷаҳонгашта шавам?
Аз бешу ками зиндагиям хаста шавам?
Чун кафтараки кучи ба боми дигаре,
Бебанд барои дони худ баста шавам?
Кай гуфта будам, чу марди бонанг шавам?
Дар оинаи дили касе занг шавам?
Ман такяи худ кунам ба девори худам,
Бо қисмати худ ҳамеша дар ҷанг шавам?
Ман гуфта будам бонуяки хона шавам,
Гирди сари ҳамхона чу парвона шавам.
Афсона бигум ба гуши Султони вафо,
Дар пеши касон на ин ки афсона шавам.
Ман гуфта будам бонуи як мард шавам,
Ҳамқисмату ҳамболину ҳамдард шавам.
Обод кунам хонаи ӯ бо меҳрам,
Дар дасти касе на муҳраи нард шавам.
Андар бари як марди хуби олуфта,
Алмос шавам, маро намояд суфта
Дастам зи пас