Бехабар аз ҳоли ҳам будан чи суд? Бар мазори мурдагони хеш нолидан чи суд? Зиндаро то зинда аст бояд ба фарёдаш расид, Варна бар санги мазораш об пошидан чи суд? Гар нарафти хонааш то зинда буд, Хонаи соҳиб азо то субҳ хобидан чи суд? Гар напурси ҳоли ман то зиндаам Баъди маргам ашку нолидан чи суд?