Ба номи он Ягона мекунам оғоз,
Ки дунёро ба кулли пасту болояш,
Ба талхиҳову ширинаш,
Ба шодиҳову ғамҳояш ба мо бахшид,
Ба дирӯзу ба имрӯзу ба фардояш ба мо бахшид.
Ба номи он Ягона мекунам оғоз,
Ки номаш беҳтарин оғози ҳар кор аст,
Ба беморон шифокор аст,
Ба ҳар дармондае доим мададгор аст,
Ки Ӯ худ дар ҳама ҳоле ба мо ёр аст.
Ҳазорон шукр, он Якто
Ба мо Модар ато кардаст,
Ба мо дар шахси Модар беҳтарин ёвар ато кардаст.
Падар чун аз сари ман рафт, дилбардор Модар буд,
Ғамистон буд дунёям, вале ғамхор Модар буд.
Агарчанде наменолид пеши мо,
Вале эҳсос мекардам,
Ба ӯ ҳам сояи лутфи Падар кам буд,
Ки чашмаш моили нам буд...
Падар чун аз сари ман рафт,
Гумон кардам, ки рӯзам рӯшноиро наме