Сиёсатшиноси...!!!
АФКОРИ СИЁСИИ МУТАФАККИРОНИ ТОҶИКУ ФОРС
Намояндагони машҳури афкори прогрессивии тоҷику форс Имоми Аъзам, Абӯалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Форобӣ, Унусурулмаолии Кайковус, Низомулмулк, Муҳаммад Ғаззолӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алии Ҳамадонӣ, Аҳмади Дониш, Шамсиддини Шоҳин ва дигарон мебошанд. Онҳо барои рушду инкишофи ҷомеа саъю кӯшиш намуда, ақидаҳои пешқадами худро дар осори гаронбаҳояшон баррасӣ намудаанд.
Маълум аст, ки масъалаи афкори иҷтимоию сиёсӣ аз қадимулайём диққати олимону донишмандонро ба худ ҷалб намудааст. Ҳанӯз Арасту дар замони худ ақидаҳои иҷтимоию сиёсии худро равнақу ривоҷ дода, ҳар кадоми онҳоро ба шохаҳои гуногун тақсим намуда буд. Олимону файласуфо