🕋Исботи 20 ракаъат намози таровеҳ 🏼Қисмати (2) ✍ Қиёми рамазон ё таровеҳ Ҳазрати Расули Акрам (с) қиёми рамазон, яъне намози таровеҳро бист ракаъат адо намудаанд, ва баъд аз Расули Акрам салаллоҳу ъалайҳи васаллам хулафои рошидин, ҳазрати Умар, Усмон ва Али ва дигар асҳоби киром (разияллоҳу анҳум) ва тобиъину табаъа тобиъин, Аимаи муҷтаҳиддин, ҳазароти машоих, авлиёи киром раҳматуллоҳи алайҳим ва дигарон бар он омил буданд. Саросари мамолики исломӣ аз чаҳордаҳ қарн то имруз мутобиқи он амал кардаанд ва тамоми умати исломӣ бар он иҷмоъ ва иттифоқ доранд, ки тафсилоташ баъдан хоҳад омад. Лафзи таровеҳ : Ҳофиз ибни Ҳаҷари Асқалонӣ шофиъи раҳимаҳуллоҳ менависад: таровеҳ ҷамъи калимаи тарвиҳа я