ДАР ҒУРБАТИ БЕГО-
НА ЧИ САРГАРДО-
НАМ?
Умрам ба ғарибиҳо паи дона гузашт,
Дар кишвари як миллати бегона гузашт.
Хешам ба ғаму нафас ҳама дардолуд,
Дур аз Ватану зи ёру аз хона гузашт.
Афсӯс, сад афсус,ки дур аз Ватанам,
Ман булбули гум кардаи боғу чаманам,
Касро набувад тоқати бишнидани мо,
Буи ҷигари сухта дорад суханам...
Мо мурсифат умр паи дона кунем,
Дур аз ватано ёди дару хона кунем.
Бо мардуми ғайр сӯҳбати хешона кунем,
Бар хеш ҷафо,вафо ба бегона кунем.
Бегонаи шодиям ба ғам ҳамнафасам,
Хушкида гули умеду шуру ҳавасам.
Озод куҷо нафас кашам як нафасе,
Дар ғурбати бегона ман андар қафасам...
Дар ғурбати бегона чи саргардонам?
Раҳме накунад чаро фалак бар ҷонам?