Агар парвонаи, даври чароги хирасузе не, Ба даври офтоби оламоро суз, курбон шав! Агар ту катраи, чои нишасти хешро дарёб, Ба руи санг не, дар бехи гул резу гулистон шав! Агар оби мабош ором дар як чо чу оби кул, Кушо мачрои худро кобили туфону тугён шав! Агар позахр боши баъди марги дуст бекадри, Ба сарвакти давочуён биё, бар дард дармон шав! Ту нахли сабз хам боши, зарурат гар бифармояд, Сари сабзат бисузон, гарми овар, шуълаафшон шав! Миёни неку бад, тахкиру иззат поку олуда, Гахе тобуткаш бошу гахе гахворачунбон шав! Хурушат ку? Талошат ку? Чарои худ асири худ? Бурун о мисли шеър аз дил, забони безабонон шав! Биёву дар тихигохи хаёт аз хеш олам соз, Барои хештан миру барои дигарон чон ша