Дилам бисёр мехоҳад канори якдигар бошем,
Ба як болин ниҳода сар хумори як дигар бошем.
Дар ин дунё,ки армонро хазон созад ба боди ҷабр,
Шамида накҳати ҳамро баҳори якдигар бошем.
Дур аз домони сабзи ман ҷавониро макун барбод,
Биё ҳамрозу ҳам роҳу нисори як дигар бошем.
Ҳамедонам,ки бе ман рафта аз дастат қарори ту,
Биё ҷонам сабабгори қарори як дигар бошем.
Фақат бошем агар бо ҳам қазо бар мо наорад ғам,
Сафо бахши дили абгору зори як дигар бошем.
Ҷудо аз ту миёни издиҳоми халқ танҳоям,
Биё то дар нигоҳи халқ ёри як дигар бошем.