Савоби зиндагӣ гум шуд кунун бори ҷафо омад, Дили танги фалак аз ин ҷафо бемуттако омад. Худо бар рӯи мо барбаст, дари масҷиду миноро, Кадомин аз гунаҳ бошад? Зи иззаш ин бало омад! Зи тарси марги бенавбат набигрифт рӯзаи азҳо, Биҳишт дар дидаи раҳмат бирафт сӯзу азо омад. Ҷасадҳо бе намозу ғусл ба хок андар, чӣ рӯз аст ин? Ҷаноза бенамозхон шуд, аҷаб рӯзи сиё омад. Писар дорад ҳазар аз ҷисми беҷони падар имрӯз, Майити бекафан печида андар мумиё омад. Напурсад ҳоли модарро на хешу ақрабо дигар, Бихушкид нахли инсонӣ, зи пайвандаш ҷудо омад. Ҳадиси бӯсаи сӯзон бирафт аз лавҳи хотирҳо, Ба ҷояш тундиву шӯрӣ, намедонам чиҳо омад. Дари дил баста шуд бар рӯи ёрону ҷигарбандон, Муҳаббат мурд ёрон,