Назар кардам гулистону надидам,
Гуле зебо чу лабқанди ту бошад. Тамоми рўи оламро бигаштам,
Надидам кас, ки монанди ту бошад.
Намехоҳа кунам ёд аз ҷудоӣ, Ҳамегардам ба кўят чун гадое.
Шабамро дар фироқат рўз кардам,
Ки ҳамроҳи саҳар пешам дароӣ.
Чу офтоби саҳаргаҳ нур пошӣ,
Ҳамеша андар оғўшам ту бошӣ.
Зи лабҳои маҳинат бўса гирам,
Азизам, то ҷаҳон бошад, ту бошӣ!