Эй қаламкаш, иштибоҳамро бибахш, Номаҳои бепаноҳамро бибахш. Эй саҳар, эй офтоб, эй рӯшанӣ, Сояи шоми сиёҳамро бибахш. Пеши дидорат агар мижгон задам, Боз ҳам қатъи нигоҳамро бибахш. Бе ту ҳар боғе биёбон мешавад, Оҳ, эй борон, гиёҳамро бибахш. Талъати ойина ҳам бегард нест, Рӯйи зебо, гарди роҳамро бибахш. Аз ту гоҳе шиква кардам ҷойи шукр, Шикваҳои гоҳ-гоҳамро бибахш. Ҳар қадар боло равад, пастӣ кунад, Каҳкашони ишқ, оҳамро бибахш. Қаҳрат, оре, бе савобе нест, лек Меҳрубони ман, гуноҳамро бибахш.