Аёзи Фаррузод Ай писар пандам шунав аз илм бархурдор бош,
Аз бадон дури биҷӯ як шахси некукор бош
Ҳурмати пирон бидону дар ҷавонӣ тавба кун,
Ҷони ман дар зиндагони марди хушгуфтор бош
Аз дуруғу, кинаву, бухлу, ҳасад парҳез кун,
Ғайбати касро накун аз ин амал ҳушёр бош
Назди аҳли илм биншин то напурсандат нагу,
Баҳри модар чун сипар дар кучаву бозор бош
Меҳмон аз дар дарояд хуш пазироӣ намо,
Мисли аҷдодат сахиву, марди меҳмондор бош
То нахонандат нарав бар хони кас меҳмон нашав,
Бо ятимон мунису, ғамхору, хуш гуфтор бош
Аз шаробу, аз зинову, ҷустани айби касон,
Дур бош ай ҷони ман, дар қавлат устувор бош
Дар саховат чун Аливу, дар шуъҷоат чун Ҳусайн,
Дар вафодорӣ чу Молик ҷони ман бо ёр бош
Г