Ганчина дар ин олами вайрона Намоз аст, Тавхид бувад, бодаву паймона Намоз аст. Бе сачда ба даргохи Худо рох натавон ёфт, Гар Каъба равони дари он хона Намоз аст. Ин бори азимест, ки бар кух гарон аст, Ин нур даруни дили у шох нихон аст. Гофил чу зи таъзими Худои худ чи дони, Як сачдаи огох бахои ду чахон аст. Гар дар дили ту дарду гами ишки Худо нест, Ин саллаву тасбехи ту чуз бахри риё нест. Гар ашк зи чашми ту равон нест якин аст, Ки андар дили сагини ту як зарра сафо нест. Бархез ки ин умри ту чун бод равон аст, Бингар, ки ачал дар пайи хар пиру чавон аст Бо гиряву мусаффо бикун оинаи дилро, То кай хама даъвои ту аз руи забон аст.