Абр гирён, ки шавад, айби мусулмон бикунанд, Барфу борон, ки шавад, айби мусулмон бикунанд. Барқ шамшери ғазаб боз кашад ҳар гоҳе, Раъд ғуррон, ки шавад, айби мусулмон бикунанд. Аз табаҳкориву найранги худобехабарон, Қаҳтии нон, ки шавад, айби мусулмон бикунанд. Қиммати мол бихезад ба гаронӣ боло, Ё худ арзон, ки шавад, айби мусулмон бикунанд. Равнақи фисқ, агар омири дилҳо гардад, Заъфи имон, ки шавад, айби мусулмон бикунанд. Нокасоне, ки ҷаҳон зери тасарруф доранд, Шўри туфон, ки шавад, айби мусулмон бикунанд. Хотири Лорд агар ҷамъ намояд макре, Ҳам парешон, ки шавад айби мусулмон бикунанад. Фитна дар олами пурҳодиса ҳоким гардад, Макри шайтон, ки шавад, айби мусулмон бикунанд. Аз пайи маҳ