...Дилам бисёр мехоҳад,
Ки боре бозгардам бар ҷаҳони кӯдакиҳоям,
Ки аз нав модарамро хандарӯ бинам,
Ба ӯ гӯям, ки эй модар, ба ёдат ҳаст,
Замони кӯдакӣ гоҳе ба беморӣ задам худро,
Ки то донам дилат бар кӯдаки бемор месӯзад, намесӯзад.
Ба рӯи бистарам гирйиста будӣ,
Худоёнро тавалло карда будӣ...
Кунун аз ростӣ беморам, эй модар,
Куҷоӣ ту, куҷоӣ ту.
Ман аз ту розиям, то зиндагонӣ ҳаст,
Магар аз ман ризоӣ ту?
Лоиқ Шерали.