Чу як пири хирад мирад, бимирад чумла осорам,
Чу як хамсоли ман мирад, гаронтар мешавад борам.
Дарахте бишканад, гуи миёнам бишканад, эй дод!
Чу фикре баргалат бошад, шавад афгор афкорам.
Агар пои касе лагжид, хуни дил хурам шабхо,
Ки гуи ман хатокорам, ки гуи ман гунахкорам.
Чу ман аз тухми дехконам, бисабзад то хама кишташ,
Наборад абр агар борон, cиришк аз дида меборам.
Ман он чонбози давронам, ман он дилсузи ёронам,
Кашам озор аз сад мору муреро наёзорам.
Агар як лахза ношукри хамин давру замон бошам,
Сияхбахтам, сияхрузам, сияхруям, сияхкорам!
Ба гурбат дида эй бас беватанхои хакиру зор,
Хазорон шукр кардам, ки Ватан дорам, Ватан дорам!
Лоик Шерали 1980