Ханчари чаллод качу, абруи чонон кач,
Харду хунрезанд, аммо ин кучову он кучо.
Ошикон шабзиндадору, дузд хам шабзиндадор,
Харду бедоранд, аммо ин кучову он кучо.
Борбардор зери бору, дилбарон дар зери ёр,
Харду меноланд, аммо ин кучову он кучо.
Шакари мозандарону шакари гирди лабон,
Харду ширинанд, аммо ин кучову он кучо.