"Нури Худост Али" Нури Худост Али, Дилро давост Али Дар роҳи зиндагонӣ, Ҳам раҳнамост Али Пайғоми Зулҷалол аст, Дастури безавол аст. Роҳи наҷоти инсон, Аз зулмати залол аст. Эй бандагони Али, Эй муъминони Али . З-ин нур баҳра гиред, Ҳар руз, аз даргохи Али . Ин партави Ҷамол аст, Анворе аз Ҷалол аст. Аз баҳри қурби ҷонон, Мавло Али раҳи висол аст. Баҳрест пур зи ҳикмат, Шаър асту ҳам тариқат. Ин маҳзани Худо аст. Ҳам беҳтарин Мавло аст.