БОВАР НАМЕКУНАМ
Ишк,и туро эй нозанин, бовар намекунам,
Аз х,ач,р тарки бодаву согар намекунам.
Аз дарду гам хазон расид бар гунчаи дилам,
Наззора суи чех,раи дигар намекунам.
Дар к,асри ишк,и ту будам монанди подшах, ,
Дигар кулох,и сарвари бар сар намекунам.
Дустат агарчи доштаам, эй нозанини ман,
Васфи туро ба хомаву дафтар намекунам.
Огах, найи зи ошик,у эх,сосх,ои дарди ишк, ,
Дар кори дил туро дигар довар намекунам.
Мафтун, ки рох,и ишк, сипардаст аз азал,
Азми сафар ба ч,одаи дигар намекунам!
10/04/2015 с
Ибодуллои ОДИНА (Мафтун)