Забон аз Рӯдакӣ оғози худ ёфт,
Зи Фирдавсӣ пари парвози худ ёфт.
Забони тоҷикӣ аз дасти Айнӣ.
Басо зебу фару эъҷози худ ёфт.
Забони тоҷикӣ нури биҳиштӣ,
Бароям поясозу сарнавиштӣ.
Аё Модар, аё ғамхори Одам,
Забонро дар вуҷуди ман ту киштӣ.
Чу лафзи тоҷикӣ лафзи шакар нест,
Биҳиштию каломи муътабар нест.
Саропои вуҷудамро биҷӯӣ,
Ба ғайри тоҷикӣ чизи дигар нест.
Мақоме олӣ аз лафзи дарӣ нест,
Мақоме чун забони модарӣ нест.
Чунин ширину зебою гуворо
Забони ҳинду турку озарӣ нест.
Ало Модар, маро рӯзе, ки зодӣ,
Сарафрозам дар ин олам зи шодӣ.
Забонатро ба ҳар ҳарфу ҳиҷое
Ба заҳматҳо бароям ёд додӣ.