Аз дуоят сарфарозам модарам, Ботамизу хушбаёзам модарам. Бар сари сабзам азизам зинда бош, Равшании чашми бозам модарам. То дилат болида гардад аз манат, Гӯ, чӣ оҳанге навозам модарам. Дар канорат дасти ман кӯтоҳ нест, Аз ту ин дасти дарозам модарам. Кас намефаҳмад маро монанди ту, Бар ту мегӯям ниёзам модарам. Сояи бахти сафедӣ бар сарам, Дар паноҳи ту бинозам модарам. Гармии меҳри ту водорам кунад, Оҳани ғамро гудозам модарам. То ту ҳастӣ раҳнамои зиндагӣ, Хуш бувад оҳанги созам модарам. Баҳри ман ҳоло ҳама чӣ дастрас, Аз ту бошад имтиёзам модарам. Ман дарозумрии ту дорам талаб, Аз Худо дар ҳар намозам модарам.