чӣ кор кунанд?!
Баъзан ва шояд дар бисёр ҳолат мушоҳида мешавад, ки шахсони тавонгар бо ибодатҳои инфиродӣ, аз қабили рӯзаҳои нафлӣ, намози шаб, қироати Қуръон ва ба ин монанд амалҳо, машғул гашта, ҳуқуқи фақиронро фаромӯш мекунанд. Дар ҳоле, ки вазифаи шахси тавонгар фақат саргарм будан ба ибодатҳои нафлӣ нест. Майдони фаъолияти онҳо хеле калонтар аз майдони фаъолияти шахсони камбизоат аст. Баъзан онҳо маҳз бо ҳамин ибодатҳои нафлӣ ва шахсӣ худро фиреб дода, аз хидмати молӣ фирор мекунанд. Яке аз бемориҳое, ки тавонгарон бо он гирифтор мешаванд, ин бемории дарнуии "бухл" аст. Ба ҳамин сабаб Аллоҳ таоло барои тавонгарон адои закот ва дигар навъи ибодатҳои молиро фарз гардонида аст, то бо ҳа