Замона хубу зебо, мешавад боз,
Ба шодӣ сина маъво, мешавад боз.
Ба рӯяш бо нигоҳи нек бингар,
Замона шодиафзо, мешавад боз.
Мусофир ғам махур бо ёди Меҳан,
Дараш бар сӯйи ту во, мешавад боз.
Сари хамгаштаи фарзанди раҳпо,
Падарро дида боло, мешавад боз.
Ба ин ақли расояш одамизод,
Ба зарра дастболо, мешавад боз.
Яқин ҳоли хуши пешинаи мо,
Умедам ҳаст барпо, мешавад боз.