Ман умри азизу самари ишқу умедам
Бе обу насими ту тасаввур нанамоям.
Саҳмест зи оби ту ба таркиби вуҷудам
Кайфест аҷаб атри насими ту бароям.
Чун сабзаи ду соҳили ту ман, ки зи хурдӣ
Сабзида, муҳаббат ба Ватан сахт бибастам,
Дар ҳар қадами умр чу оби ту давидам,
Аммо чу зи ту суде наяфзуда зи дастам.
Имрўз зи ту хонаи ҳар деҳа мунаввар,
Шодобу зарафшон шуда ҳар дашту биёбон.
Аз ту дамани ташна шуд ободу ҷавонбахт
Монандаи дилдодаи маҳҷур зи ҷонон...
Бо оби ту андар дили дашту даману кўҳ
Рўида ниҳолу гулу гулзор ба авҷанд.
Алвонҷ зада майсаи навхези зироат,
Сарсабз шуда, ҳушу хаёлам бирабуданд.
Одам наям, эй рўди Зарафшони зарафшон,
Гар аз ту ба ҳар нийятам ибрат