Бехабар аз ҳамдигар осуда хобидан чи суд ? Бар мазори мурдагони хеш нолидан чи суд ? Зиндаро то зинда аст бояд ба фарёдаш расид. В-арна бар руйи мазораш кӯза гул чидан чи суд ? Як шабе бо зиндае ғамхор бош. В-арна бар рӯи мазораш зор нолидан чи суд ? То замоне зиндаем бо хамдигар бегонаем. Дар азоҳо рӯи ҳамдигар бусидан чи суд ? Гар тавони зиндаеро шод кун. Дар азо атру гулобу ноб пошидан чи суд ? Гар нарафти хонааш то зинда аст. Хонаи соҳиб азо шабҳо нишастанро чи суд ? Гар напурси ҳоли ӯ то зиндааст. Гиряву зориву нолидан барои ӯ чи суд ? Солҳо ид омаду рафту накарди ёди ман. Чои холии ман андар хонаам дидан чи суд? Гар накарди ёди ман то зиндаам. Санги мармар рӯи қабри ман,туро чидан чи с