Саҳар бархезу тоъат кун, ки тоъат беҳ, зи ҳар кор аст, Саодат он касе бошад, ки пеш аз субҳ бедор аст. Хурусон ҳар саҳар гӯянд, ки “қум ё айюҳал ғофил”, Ту аз мастӣ намедонӣ, касе донад, ки ҳушёр аст. Танат гӯяд бархезам, ҳаво гӯяд даме андак, Ҳаворо пеши поят зан, ки вақти амри Ҷаббор аст. Танат бар тахта андозанд, ҷанозат мардумон хонанд, Ба гури танг андозанд, амал он ҷо туро ёр аст. Аё эй Шамси Табрезӣ, ту чун марди саҳархезӣ, Агар сад сол бигрезӣ, ки охир марг даркор аст..