Гулназар Келдӣ
шоири халқии ҶТ
ТОҶИ ЗАРРИН
Ба рўйи ҳар ҷавону пир
дилат бикшода, Маҳкамбой
Чунин бахту чунин давлат
Худоят дода, Маҳкамбой.
Зи дасти ту намеояд,
ба ҷуз некиву дилдорӣ,
Ба сар ин тоҷи зарринат
Фалак бинҳода, Маҳкамбой.
Ба ҳар ҷо пой бинҳодӣ,
биовардӣ ту шодобӣ,
Пайи ободиат модар
ба дунё зода Маҳкамбой.
Зи баски лашкаре дорӣ
ту аз меҳру вафои дўст,
Туро душман ба рўйи раҳ
забун афтода, Маҳкамбой.
Басо нону намак хўрдам
ман аз хони вафои ту,
Басо дар маҳфили меҳрат
кашидам бода Маҳкамбой.
«Илоҳӣ панҷаи умрат
дари садсолагӣ кўбад!»
Барои ин дуо шоир
забон бикшода, Маҳкамбой