Предыдущая публикация
Бо хаёлат доимо пайвастаам,
Дур аз ман ҳастиву ман хастаам,
Пеши дастонам биё гулдастаам.
Ё илоҳо деҳ ба мо бахтӣ наку,
Гарм соз-он қалби зебояш зи ӯ,
То, ки бар тахтӣ ҳавас бо обуру,
Бинам-ин кӣ дар бараш биншастаам.
Ошиқат гаштам Фараҳнозам биё,
Булбулӣ хубӣ хушовозам биё,
Хонаат дар қалб месозам биё,
Бар ҳама ғайрат диламро бастаам.
Ин ҳаётам ҳеҷ гаҳ ғамро надид,
Чашми ман аз ишқи кас намро надид,,
Қоматам пеши касе хамро надид,
Дар ғамат ай ҷони ман бишкастаам.
Дарди манро ёр дармонаш туӣ,
Боғи дилро ҳам гулистонаш туӣ,
Қиссаӣ ишқам, ки поёнаш туӣ,
Ҷони ширин аз ту ман вобастаам.
(Ҳусниддин Шарипов. )


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 2